МАФКУРАИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

141

Дар раванди бархӯрди фарҳангу манфиатҳои геосиёсӣ ва ташаккули падидаҳои номатлуб ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ амри зарурист. Имрӯз тафаккури миллӣ танҳо дар ҳолате кафили ваҳдати миллӣ шуда метавонад, ки дар баробари ифодакунандаи манфиату ормонҳои миллати алоҳида будан, хилофи манфиати намояндаҳои қавму қабоили дигар набошад.

Тафаккури миллӣ новобаста ба он, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад, хосатан тобиши сиёсӣ дорад. Мақсад аз ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ пойдории миллат, истиқлол, ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо халқҳои дигар аст.

Зикр намудан ба маврид мебошад, ки ваҳдати ҷомеа аз ҳамфикрӣ, ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, баробарӣ, имконоти якхела доштан ва эҳтироми ҳамдигар сарчашма мегирад. Ташаккули асолати миллӣ берун аз арзишҳои миллӣ ғайримкон аст. Имрӯз мебояд асолати миллӣ дар амал нерӯи муттаҳидгару бунёкори ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил дода шавад. Дар рафти ташаккули асолати миллӣ, бояд аз арзишҳои фарҳангию таърихии замони ориёиҳову сомониён дар ҳалли масъалаи миллӣ, махсусан ваҳдати миллӣ истифода намоем. Асолати миллӣ бояд дар худ таносуби арзишҳои ниёкону муосирро инъикос намуда, барои давлатдории миллии мо хидмат карда тавонад.

Омӯзиш ва пажӯҳиши фарҳанги асили тоҷикон баёнгари он аст, ки ҳифзи истиқлол, якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, тақсимнопазирии сарзамини ниёкон, ҳимоя ва таҳкими давлати миллӣ, тарғибу ташвиқи ваҳдату ягонагии ҷомеа, дӯстию бародарӣ ба ҳамаи афроди ҷомеа новобаста аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, табақавӣ, заҳмату талош баҳри ободӣ ва бунёдкорӣ, ватандӯстиву ҳамгироӣ аз беҳтарин хислатҳои ниёкони мо ба ҳисоб мерафт. Ҳифзу дар амал татбиқ намудани арзишҳои мазкур имрӯз ба мо имкон медиҳанд, ки хусусияти меҳандустӣ ва гуманистии андешаи ниёконро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дораду то имрӯз омада расидааст, ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа муаррифӣ намоем. Дар натиҷа унсурҳои манфие чун маҳалгароӣ, қавмгароӣ, бегонапарстӣ, ифротгароӣ ва хуруфотпарастӣ аз шуури қишрҳои ҷомеа нопадид мешавад. Зарур аст, ки рафтори доираҳои мухталифи ҷомеа ба гуфтор мувофиқ карда шавад. Таҷрибаи талхи солҳои 90-уми қарни гузаштаи Тоҷикистон собит менамояд, ки дар давраи хараҷу мараҷи сиёсӣ, зӯроварӣ ва қонунвайронкунӣ ва монанди ин унсурҳои манфӣ дар шуури мардум ва муносибати онҳо нисбат ба сарватҳои табиию моддии ҷамъият қувват гирифта, бетарафӣ ва фориғболии онҳоро ҷиҳати тақдири истиқлол ва далатдории миллӣ зиёд намуд. Ҳамаи ин боиси ташаккул ва рушди фаъолияти нерӯҳои ҷудоихоҳ ва хатари аз даст додани якпорчагии Ватан ва истиқлоли давлатӣ гардид.

Маҳз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори худ, махсусан китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” воқеаҳои фоҷебори Тоҷикистонро аз назари илмӣ таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки дур шудани халқ аз фарҳанг ва таърихи миллат, анъанаҳои таърихии давлатдорию меҳнатӣ, расму оини неки ниёкон ва набудани шуури худшиносӣ ва ифтихори миллӣ сабаби чунин буҳрони сиёсӣ мегардад.

Бино бар ин, имрӯз дар раванди рушди ҷомеа ва иҷрои корҳои созандагӣ ташаккул ва рушди асолати миллӣ ба сифати вазифаи муҳимми таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ба миён гузошта шудааст.

Дар раванди амалӣ гардидани ислоҳотҳои сиёсиву иқтисодӣ баҳри таҳкими давлатдорӣ, ҳамчунин ба хотири устуворӣ ва бақои ваҳдати миллӣ асолати миллӣ нақши муҳим дорад. Асолати миллӣ имкон медиҳад, ки мавқеъ, нақш ва пешомади миллат дар арсаи байналмилалӣ созгору уствор гардонида шавад. Дар умум асолати миллӣ дарки мансубият ба умумияти муайяни этникӣ ва сарзамини ниёкон, дарки масъулият барои имрӯз ва ояндаи он, ширкати бевосита ва фаъол дар ҳалли дар мушкилоти ҷомеа, ифтихор аз миллату Ватан мебошад.

Хулоса, сатҳи баланди асолати миллии шаҳрвандон ягона омили ҳалли мушкилоти ҳаёти миллат, нерӯи муттаҳидкунанда ва ҳидоятгари аҳли ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳо мебошад. Он чун кафолати бақои ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ хидмат менамояд.

Салимзода Марворид Ҳомиддин – н.и.т., муаллими калоникафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ