САБАҚҲО АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ: ТАҚСИМБАНДИИ МАРЗӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

43

(бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Ҳукумати Тоҷикистон)

Дар ояндаи наздик аз баргузории тақсимбандии марзии Осиёи Миёна (1924) 100 сол сипарӣ мешавад. Дар ин фосилаи на он қадар тулонӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳаввулотҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, идае аз Ҳукуматҳои ғосиб аз саҳнаи сиёсат барканор шуда, ба сафҳаи таърих ворид гардиданд. Аммо аз онҳо падидаҳо ва равандҳое боқӣ монданд, ки омӯзиш ва натиҷагирӣ аз онҳо аҳамияти муҳим пайдо карда истодаанд.

Тақсимбандии марзӣ дар Осиёи Миёна барои кишварҳое бурд ва барои кишварҳои дигар натиҷаи манфӣ дошт. Аммо новобаста аз он кишварҳое дар ин маърака муваффақ имрӯз табли нокомӣ ва норозигӣ мезананд.

Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Умумииттифоқии (болшевикӣ) пас аз шикаст додани ҳаракати босмачигарӣ ва устувор гардонидани мавқеи худ дар минтақа ба сиёсати комилан поксозии ҷомеа оғоз кард. Ҳол он, ки дар давраи идома доштани задухӯрдҳои мусаллаҳона ба гурӯҳҳои зиддишӯравӣ гузаштҳо ва ваъдаҳои зиёд дода, мухолифин бояд авф карда мешуданд. Вале баъди ғалаба нақшаҳо ва стратегияи Ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна ба куллӣ тағйир ёфта, аз пайи таҳияи барномаҳои навбатӣ гардиданд. Яке аз сабабҳо ва омилҳои асосии гузаронидани тақсимбандии марзӣ ҳарроси Давлати Шӯравӣ аз давлат ва мардуми Бухоро ва Хоразм буд, ки ба тозагӣ ба қаламрави он дохил шуда буданд. Он давлатҳо бояд зуд барҳам дода шуда, халқ ва сарзамини онҳо дар нақшаҳои нав ба ҳайати ҷумҳуриҳои нав бояд парокандаву безарар гардонида мешуданд. Болшевикон аз рӯи анъанаи кишварҳои ғосибу ишғолгар амал намуда, зери шиори “ҷудо созу ҳукмрон” амал мекарданд.

Дар чунин вазъият болшевикон ба тарҳрезии нақшаҳо ва амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнок дар Осиёи Миёна пардохтанд, ки оқибати чунин амалҳои иғвоангезона имрӯзҳо аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ таҳаммул гардида истодаанд. Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Шӯравӣ ҷилавгирӣ аз майлҳои истиқлолиятҷӯйии омма ва ба ҷониби худ ҷалб намудани мардуми минтақа буд.

Моҳияти сиёсати мазкур асосан аз “ба ҷумҳуриҳои миллӣ ҷудо намудани ҳудуди Осиёи Миёна”, дар асоси таълимоти марксистӣ-ленинӣ барпо намудани ҷомеаи нав, пахш намудани ҳаракату майлҳои истиқлолиятхоҳӣ, решакан кардани ақидаҳои зиддишӯроӣ, динию мазҳабӣ, ба таври зӯрӣ ҷорӣ намудани таълимоти нав, ба эътибор нагирифтани арзишҳои миллӣ ва маънавии мардуми минтақа иборат буд.

Дар ибтидо намояндагони халқҳои минтақа-тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигарон то баргузории тақсимбандии марзӣ дар хусуси бунёди давлати миллӣ, ягон пешниҳод ба миён нагузошта буданд. Мақсади асосии тарроҳони барномаи тақсимбандии марзӣ дар Осиёи Миёна, дар доираи қаламрави давлатҳои миллӣ муттаҳид гардонидани халқҳои пароканда буд. Агар сиёсати муттаҳидгардонии халқҳои собиқ Ҷумҳуриҳои Бухоро, Туркистон ва Хоразм аз рӯйи адолат ва риояи усулҳои миллӣ – шӯравӣ сурат мегирифт, боиси сарфарозии мардумони Осиёи Марказӣ дар давраҳои минбаъда мегардид ва дар оянда сабабгори сар задани масъалаҳои баҳсноки сарҳадӣ ва сиёсию иқтисодӣ намешуд. Вале барномаҳои муттаҳидгардонӣ аз доираи принсипҳои миллӣ баромада, ба манфиати халқҳои ҷудогона ҳаллу фасл гардида, даҳсолаҳо муносибати байни гурӯҳҳои этникии ин минтақаро мушкилтар намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди тақсимбандии марзӣ ва таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои миллӣ-шӯравӣ дар Осиёи Миёна (соли 1924) таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти бевоситаи КМ ҲКУ (б) ва Ҳукумати Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда, дар амал тадбиқ гардид. Ин маъракаи муҳимми сиёсӣ мувофиқи нақшаи пешакӣ муайянкардаи Маскав гузаронида шуд. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии маъракаи тақсимбандии марзӣ дар ҷаласаҳои Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) 5 апрел ва 12 июни соли 1924 пурра ҳалли худро ёфта, роҳҳои иҷрои ин вазифаҳо аллакай муайян шуда буданд.

Дар ин робита Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) дар Қарори худ аз 12 июни соли 1924 қайд карда буд, ки тақсимбандии марзӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нави шӯравӣ дар Осиёи Миёна бояд дар доираи манфиатҳои сиёсию иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида шавад. Бюро таъкид намуд, ки дар раванди амалӣ намудани тақсимбандии марзӣ ба ҳар гуна талошҳои маҳдудназаронаи намояндагони баъзе миллатҳо дар бобати ба таркиби ин ё он ҷумҳурӣ аз рӯйи нишонаҳои миллӣ дохил кардани шаҳру ноҳияҳои муайян роҳ дода нашавад ва дар ҳайати ҷумҳуриҳои калон нигоҳ доштани воҳидҳои томи иқтисодӣ мувофиқи мақсад буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳим дастурҳои сиёсии Ҳизби коммунист ба роҳбарӣ гирифта шавад.

Аммо раванди баргузории тақсимбандии марзӣ нишон дод, ки роҳбарияти ҳизб ва Давлати Шӯравӣ манфиатҳои сиёсию иқтисодии марказ ва барномаҳои эҷоднамудаи худро аз манфиатҳои миллию таърихию фарҳангӣ ва қонунии халқҳои Осиёи Марказӣ ва ҳалли одилонаи тақсимбандии миллӣ-марзӣ болотар медонистанд.

Дар асоси нақшаҳои пешакӣ муайяншудаи роҳбарияти Давлати Шӯравӣ мебоист шаҳру ноҳияҳои нисбатан ободу аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ва минтақаҳои асосии пахтакории Осиёи Миёна сарфи назар аз гузаштаи таърихӣ ва мансубияти нажодию миллии аҳолиашон дар ҳайати як ё ду ҷумҳурии пуриқтидор муттаҳид карда шаванд. Зеро ин шаҳру ноҳияҳо чандин даҳсолаҳо пеш ба доираи манфиатҳои иқтисодии Русия кашида шуда, таҳти таъсири ӯ қарор доштанд. Бинобар ин, роҳбарияти ҳизбию давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мақоми ваколатдори онҳо Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲКУ (б) дар раванди тақсимбандии марзӣ асосан барои таъсис додани Ҷумҳуриҳои Шӯравии Ӯзбекистону Туркманистон ва ба ҳайати онҳо шомил намудани шаҳру навоҳии зикршуда таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд ва бештар пешниҳодоти гурӯҳҳои миллии ӯзбекҳо ва туркманҳоро ба назар мегирифтанд.

Ба боварии комил метавон гуфт, ки асосгузори Давлати Шӯравӣ, В.И. Ленин аз мавҷудияти қавми тоҷик ва таъриху фарҳанги он дар Осиёи Миёна, хусусан дар қаламрави Ҷумҳурии Халқии Бухоро огоҳӣ дошт. Вай медонист: дар ин қаламрав тоҷикон аксариятро ташкил медиҳанд, вале ин барои худ ва ояндаи Давлати Шӯравӣ хатар дорад. И.В. Сталин, ки ба ҳайси сардори вазорати ақаллиятҳои миллӣ дар Ҳукумати Шӯравӣ фаъолият мекард, аз мавҷудияти миллати тоҷик огоҳии комил дошт, вале мутаассифона барои тоҷикон ташкил намудани ҷумҳурии миллиро зарур надонист. Баъдтар ӯ гуфта буд: “Тоҷикон таърихи кӯҳан доранд” ва гӯё намедонист, ки Бухорову Самарқанду Хуҷанд шаҳрҳои тоҷиконанд. Ӯ ҳаргиз намехост дар ҳеҷ давра пойтахти тоҷикон – Бухоро ва қаламрави давлати тоҷик зинда монад. Дар ин масъала бояд гуфт, ки роҳбарияти олии Давлати Шӯравӣ аз таърих, фарҳанг, марзҳои аҷдодӣ ва нерӯи зеҳнии ин халқияти соҳибтамаддун огоҳии комил доштанд ва дар андешаи ҳарчи зудтар пароканда кардани ин миллат ва аз давлатдорӣ маҳрум сохтани ӯ буданд. Аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ сиёсати тарҳрезишудаи болшевиконро ба хатои роҳбарони онвақта марбут донист. Ба андешаи донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар солҳои бистум сабаби ноадолатиҳои гушношунид нисбати миллати тоҷик дар он буд, ки “тарси Сталин аз зуҳури як давлати қавмии форсизабонон буд, ки метавонист бо кишварҳои дигари форсигӯ – Эрону Афғонистон аз як гиребон сар бароранд ва ба матфиатҳои Русияи Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ таҳдид кунанд.”

Шарқшиноси маъруфи рус академик В.В. Бартолд дар асараш “Тоҷикон: Очерки таърихӣ”, ки соли 1925 интишор ёфта буд, чунин зикр кардааст: “Вақте, ки соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии Туркистон тасдиқ карда шуд, миллатҳои таҳҷоии он танҳо қирғизҳо, ӯзбекҳо, ва туркманҳо эътироф шуда буданд, сокинони қадимии кишвар-тоҷикон фаромӯш шуда буданд”.

Дар лоиҳаи пешниҳоднамудаи вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Чичерин зикр мешуд, ки дар Осиёи Миёна Тоҷикистон ҷумҳурии асосӣ ва Ӯзбекистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайати он шомил гардад. Нақшаи Чичерин аз он иборат буд, ки Самарқандро ба Аморати Бухоро, ки бузургтарин Давлати Осиёи Марказӣ буд, ҳамроҳ карда, Тоҷикистон бисозад, лекин нақша ба Сталин маъқул наомад. Дар охир И.В. Сталин далелҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи Г.Чичерин ва Я. Рудзутакро дар хусуси ба ҳайати Тоҷикистон шомил шудани Самарқанд ва ноҳияҳои тоҷикнишини атрофи он шунида, ҳидоят дод, ки ин шаҳр алҳол дар ҳайати Ӯзбекистон бимонад.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки И.В. Сталин ба омӯзиши шароити воқеии Осиёи Марказӣ, муайян кардани ақаллиятҳои миллии Осиёи Миёна, моҳияти амали туркпарастон, ба назар гирифтани манфиатҳои миллии тоҷикон напардохта, ҳалли масъаларо амри воқеӣ надониста, баръакс дидаву дониста ба ноадолатӣ роҳ додааст.

Ҳанӯз В.И. Ленин моҳи марти соли 1919 дар Иҷлосияи VIII Ҳизби коммунистии Умумииттифоқӣ тоҷиконро дар қатори ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо номбар карда буд. Набояд фаромуш кард, ки он вақт сухан танҳо дар бораи кишвари Туркистон мерафт, на дар хусуси миллатҳои Аморати Бухоро. Яъне В.И. Ленин дар қаламрави кишвари Туркистон аз мавҷуд будани як қавми муаззам бо номи тоҷик огаҳии комил дошт, ки номи онро дар осори хеш зикр намуд. Дар арафаи тақсимоти марзӣ, ки Ҳукумати Шӯравӣ ба туркпарастон эътимод ва боварии зиёд дошт, бо ҳидояти онҳо таъсир ва номи тоҷиконро аз барномаи тақсимбандӣ хориҷ намуданд ва ҳатто ҳушдори доҳии худро дар бобати мавҷудияти тоҷикон ба назари эътибор нагирифтанд.

Зарурияти воқеии тақсимбандии марзиро бори аввал моҳи июни соли 1920 Комиссияи махсуси КМ ҲКУ (б) омӯхта, лоиҳаи худро “Дар бораи вазифаҳои асосии ҲКУ (б) дар Туркистон” ба В.И. Ленин пешниҳод намуд. Ленин пас аз назар гузаронидани санад супориш дод: “1. Супориш дода шавад, ки харитаи этнографии Туркистон ба ҷудо намудани ҳудудҳои он ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон мураттаб гардад; 2. Шароитҳои бо ҳам муттаҳид намудан ё ҷудо кардани ин се қисм бо ҷузъиёташ фаҳмонида шавад”.

Дар асоси ҳамин гуфтаҳои Ленин И.В. Сталин соли 1923 дар Анҷумани ХII ҲКУ (б) оид ба масъалаи миллӣ маърӯза карда қайд намуда буд: “Он ҷо, дар Бухоро се миллат ҳаст: ӯзбекҳо – миллати асосӣ, туркманҳо, ки аз нигоҳи шовинизми бухороиён миллати камаҳаммият аст ва қирғизҳо. Онҳо ҳам камшумортаранд ва аҳаммияти камтар доранд.” Маълум мешавад, ки пешвои ҳизбу Давлати Шӯравӣ миллати тоҷикро, ки дар Бухоро аксарияти аҳолиро ташкил дода, забонаш дар давоми асрҳо забони расмии аморат буд, дар қатори миллатҳои камаҳамият ҳам ном набурдааст. Сталин дар мавриди баррасии масъалаи худмуайянкунии миллатҳо аз ҷониби Ленин як чизро ба инобат нагирифт, ки Ленин дар хусуси кишвари Туркистон супориши хешро иброз карда буд, на дар бораи миллати Бухоро. Дар асл, пас аз ин, дар Бухоро ва дигар манотиқи тоҷикнишин манфиатҳои миллию фарҳангии тоҷиконро ба инобат нагирифта, нисбати онҳо ноадолатиҳои бемислро раво диданд. Ҳукумати Шӯравӣ нақшаи хешро бо дасти туркпарастон ба муқобили тоҷикон, мактабҳои тоҷикӣ, забони тоҷикӣ ва дигар анъанаҳои миллии ин миллати соҳибтамаддун амалӣ мекард. Дар муддати кӯтоҳ дар аксарияти маҳалҳои тоҷикнишин мактабҳои тоҷикӣ баста шуда, забонҳои туркию ӯзбекӣ ҳамчун забони дарсӣ ва коргузорӣ ҷорӣ карда шуд.

Забони тоҷикӣ ва тоҷиконро ба мардуми форсигӯй (эрониён) нисбат дониста, мавҷудияти онҳоро дар Осиёи Марказӣ пурра инкор мекарданд.

Ин буд, ки ҳангоми тақсимбандии марзӣ намояндагони комиссия, ки дар зери андешаҳои туркпарастӣ буданд, даъво мекарданд, ки Ленин маҳз ба се қисм-Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҷудо намудани Туркистонро таъкид кардааст. Онҳо дарк кардан намехостанд, ки ба ғайр аз Туркистони таъкидкардаи Ленин боз тақдири Ҷумҳурии Бухоро низ ҳал гардида истодааст. Бо ҳамин даъвои беасос ва бебунёд маъракаи тақсимбандии марзӣ оғоз гардид, ки мутобиқи он барои тоҷикон ташкили вилояти автономиро пешбинӣ карда буданд. Бояд гуфт, ки тамоми раванди баргузории маъракаи тақсимбандии марзӣ таҳти роҳнамоии КМ ҲКУ (б) ва дахолати бевоситаи И.В. Сталин мегузашт, ки ба шитобкории зиёд ва маъмуриятчигӣ саргарм шудани масъулони ин раванд мусоидат намуд.

Ҳамин тариқ тақимбандии марзӣ дар Осиёи Миёна, ки моҳияти он аз тарафи муаррихони ватанӣ ва хориҷӣ ноодилона, бе асоси таърихӣ, ғайривоқеӣ баҳо дода шуд, ба анҷом расонида шуд. Ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатии Шӯравӣ И.А. Зеленский, ки иштирокчии бевоситаи ин маъракаи сиёсӣ маҳсуб мешуд, раванди мазкурро на тақсимоти ҳақиқӣ ва одилона, балки “табартақсим” номида буд. Шарқшиносон ва рушанфикрони рӯс, ки ҳанӯз дар асрҳои ХVIII-ХIХ ва аввали асри ХХ ба омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёт, расму анъанаҳои мардумӣ ва табиии сарзамини Осиёи Миёна машғул буданд, ҳушдор дода буданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон аз ҳама лиҳоз миллати дорои бартариятанд. Вале мутаассифона осори гаронарзиши донишмандони рӯс дар таҳия ва тартиби барномаи тақсимбандии марзӣ ба назари эътибор гирифта нашуд. Болшевикон баъд аз ба сари қудрат омадани Сталин ҳеҷ гуна бартариҷӯӣ, миллигароӣ ва озодандеширо таҳаммул намекарданд ва дар симои онҳо душманро медиданд.

Сиёсати тақсимбандии марзии болшевикон дар Осиёи Марказӣ таҳти таъсири ҳамин омилҳо сурат гирифт ва барои мардуми сарзамин пайомадҳои вазнинро ба бор овард. Ин иқдоми манфур ва душманонаи пеш тарҳрезишудаи болшевикон пеш аз ҳама зарбаи сахту маргбор ба ягонагӣ ва якпорчагии тоҷикон, ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳуқуқҳои онҳо нигаронида шуда буд. Бо вуҷуди ин мушкилоти ҷойдошта ва қатъияти давлат ва Ҳукумати Шӯравӣ аввалин роҳбарони Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин беадолатӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд ва билохира маҳз бо талоши фарзандони сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ғ. соли 1929 Тоҷикистон чун ҷумҳурии мустақил ва комилҳуқуқи Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуд.

Неъмонов Беҳрӯз,номзади илмҳои таърих,дотсенти кафедраи таърихнигорӣва архившиносии факултети таърихи ДМТ